"Оли Сауд – шаҷараи малъуна" дар Баҳрайн
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i3919-Оли_Сауд_шаҷараи_малъуна_дар_Баҳрайн
Бисёре аз шаҳру рустоҳои Баҳрайн рӯзҳои ҷумъа ва шанбе шоҳиди баргузор шудани тазоҳурот бо шиори "Оли Сауд – шаҷараи малъуна" буданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 11, 2016 07:37 Asia/Dushanbe

Бисёре аз шаҳру рустоҳои Баҳрайн рӯзҳои ҷумъа ва шанбе шоҳиди баргузор шудани тазоҳурот бо шиори "Оли Сауд – шаҷараи малъуна" буданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", ба нақл аз сойти "Манама пост", ин тазоҳурот ба даъвати Эътилофи ҷавонони "Инқилоби 14 феврал"-и Баҳрайн, барои гиромидошти солгарди шаҳидони Мино ва бароат аз мустакбирону маҳкум кардани ҷиноятҳои низоми Саудӣ баргузор шуд.

Мардуми шаҳру рустоҳои Билод, Қадим, Абуқувва, Абусибъ, Қадам, Шаҳракон ва Амрух дар ин тазоҳурот ширкат карданд. Ширкаткунандагони тазоҳурот ба нотавонии низоми Саудӣ дар мудирияти маросими ҳаҷ таъкид карданд ва аз ҷаҳони Ислом хостанд, то идораи умури ҳаҷ ба таври ҷамъӣ бо мушорикати кишварҳои исломӣ сурат гирад.

Тазоҳуркунандагон ҳамчунин ба лузуми хушкондани манбаҳои терроризми мавриди ҳимояти Оли Сауд таъкид карданд. Онҳо ба идомаи ҷунбиши худ то таҳаққуқи хостаҳои мардум дар таъйини сарнавишт ва барпо шудани як сохтори сиёсии ҷадид ба манзури барқарор кардани адолату баробарӣ бар асоси натоиҷи ҳамапурсии ноябри соли 2014 ва низ суқути режими кунунии Оли Халифа таъкид карданд.