Охирин ҳарфҳои Хошуқҷи қабл аз қатл
Раиси бахши таҳқиқоти рӯзномаи “Сабоҳ”-и Туркия ҷузъиёте аз наҳваи қатли Ҷамол Хошуқҷи ба дасти авомили Арабистони Саудиро ифшо кард.
Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”, раиси бахши таҳқиқоти рӯзномаи “Сабоҳ”-и Туркия дар гуфтугӯ бо “Алҷазира” гуфт, бар асоси наворҳои савтии марбут ба қатли ин рӯзноманигори мунтақиди Арабистон, ки дар консулгарии Арабистон дар Истанбул ба дасти мақомоти Туркия расидааст, қотилон халтаеро рӯйи сари Хошуқҷи кашидаанд ва дар амалиёти ҳафтдақиқаие ӯро хафа кардаанд. Назиф Кирмон афзуд, ҷумалоти «дорам хафа мешавад, ин кисаро аз сарам дур кунед, ман фабиои хафагӣ (тарси шадид аз хафа шудан) дорам», охирин ҳарфҳои Хошуқҷи дар ин файлҳои савтӣ буд.
Раиси бахши таҳқиқоти рӯзномаи “Сабоҳ” гуфт, тими арабистонии масъули қатли Хошуқҷи ҳини амалиёти пора кардани ҷасадаш халтаҳоеро рӯйи фарши утоқ гузоштааст, то хун ба берун дарз накунад ва амалиёти пора кардан ба дасти Салоҳ Аттабиқӣ, коршиноси пизишки қонунӣ (судӣ-тиббӣ)-и Арабистон дар 15 дақиқа анҷом шудааст. Ба гуфтаи Назиф Кирмон, ҷасади порашуда дар панҷ ҷомадони бузург ҷосозӣ ва ба худрави вобаста ба консулгарии Арабистон мунтақил шудааст.