Партоби кафш ба самти вазири фирории Яман дар конфронси матбуотӣ (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i39389-Партоби_кафш_ба_самти_вазири_фирории_Яман_дар_конфронси_матбуотӣ_(видео)
Як хабарнигор дар конфронси хабарии Абдусалом Ҷобир, вазири иттилоърасонии собиқи Давлати Наҷоти Миллии Яман, ки ба Арабистони Саудӣ фирор кардааст, кафши худро ба сӯйи ӯ партоб кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 12, 2018 12:58 Asia/Dushanbe

Як хабарнигор дар конфронси хабарии Абдусалом Ҷобир, вазири иттилоърасонии собиқи Давлати Наҷоти Миллии Яман, ки ба Арабистони Саудӣ фирор кардааст, кафши худро ба сӯйи ӯ партоб кард.

Ин вазири фирорӣ дар конфронси матбуотӣ дар Риёз бо мавзӯи “Ҷунбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман” дар ҳоли накӯҳиши расонаҳои ин ҷунбиш буд, ки яке аз хабарнигорон дар эътироз ба суханони Абдусалом Ҷобир ба самти вай кафши худро партоб кард. Иқдоми ин хабарнигор ба барҳам хӯрдани конфронси матбуотии вай мунҷар шуд.