Ноябр 17, 2018 14:39 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи террористҳои саудӣ ба ҳамкорӣ бо дастгоҳҳои амниятии Риёз

Вазири умури дохилии пешини Ироқ тайи баёнияе эълом кард, эътирофоти террористҳои саудӣ дар Ироқ дар ин авохир собит мекунад, ки Риёз барномарезӣ дар бораи онҳо ва эъзомашон ба кишварҳои дигарро бар ӯҳда доштааст.

Ба гузориши шабакаи “Алолам”, Боқир Ал-Зубайдӣ, вазири дохилии пешини Ироқ гуфт, террористҳои саудии боздоштшуда эътироф карданд, дастгоҳҳои амниятии Риёз вуруди онҳо ба як кишвари арабии ҳамсоя ва аз он ҷо ба хоки Ироқро осон карданд.

Бар асоси иқрори террористҳои арабистонӣ, бидуни иттилоъ ва мувофиқати дастгоҳҳои амниятии Риёз ҳеҷ коре дар Арабистон имконпазир нест.

Пештар ҳам рӯзномаи амрикоии “Бостон Глобал” бо ишора ба ин ки ҳеҷ кишваре ба андозаи Арабистон бевақфа аз гурӯҳҳои террористие назири Алқоида, Толибон ва ДИИШ ҳимоят накардааст, навишт: “Натоиҷи мутолеоти ҷиддӣ дар қарни 21 дар бораи терроризми ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксари пулҳои масрафшуда дар ҳимоят аз террористҳо тавассути Арабистон таъмин мешаванд”.

Бар асоси аснод, аз миёни 19 террористи дахил дар ҳавопайморабоӣ ва ҳамла ба бурҷҳои дуқулу (дуқуша) -и Амрико дар 11 –уми сентябри 2001, понздаҳ нафар саудӣ будаанд.

 

Барчасп