Идомаи эътирозҳо ба сафари Муҳаммад Ибни Салмон дар шимоли Африқо
Расонаҳои алҷазоирӣ гузориш доданд, валиаҳди Арабистон дар шароите ба чанд кишвари шимоли Африқо сафар мекунад, ки мухолифатҳо бо ӯ ҳамчунон идома дорад.
Рӯзномаи "ал-Билод"-и Алҷазоир рӯзи ҷумъа ба нақл аз манобеи дипломатӣ навишт: Муҳаммад ибни Салмон валиаҳди Арабистон ҳафтаи аввали моҳи декабр дидоре аз Алҷазоир хоҳад дошт, дар ҳоле ки ин сафар бо эътирозҳои густурдае мувоҷеҳ шудааст.
Муҳаммад ибни Салмон, билофосила пас аз ширкат дар нишасти G-20 дар Аргентина, вориди Алҷазира мешавад, дар ҳоле ки алҷазоириҳо мухолифати худро бо вуруди валиаҳди Арабистон ба кишварашон эълом кардаанд.
Корбарони алҷазоирӣ низ, барои мухолифат бо сафари Муҳаммад ибни Салмон фарохони густурдаеро дар фазои маҷозӣ оғоз кардаанд ва аз валиаҳди Саудӣ ба унвони қотил ёд карданд.
Рӯзномаҳо ва расонаҳои алҷазоирӣ, иллати аслии мухолифатҳо бо сафари Муҳаммад ибни Салмон ба Алҷазоирро масъалаи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ рӯзноманигори мунтақиди режими Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истамбули Туркия ва нақши валиаҳди Саудӣ дар ин ҷиноят медонанд.