Сентябр 12, 2016 20:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба кишварҳои ҳомии муоризони Сурия

Вазири умури хориҷаи Русия ба кишварҳои ҳомии гурӯҳҳои мусаллаҳи мавсум ба муоризон дар Сурия, ҳушдор дод.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, рӯз душанбе зимни ҳушдор ба кишварҳои ҳомии гурӯҳҳои мусаллаҳи мавсум ба муоризон дар Сурия, барои таҳти таъсир қарор додани музокирот гуфт, бархе кишварҳо талош мекунанд бо иқдомҳои таҳрикомези худ, ташаккуле мавсум ба "Кумитаи олии музокироти  таҳтулҳимояи саудиҳо"-ро ба унвони танҳо сохтори дар баргирандаи муоризон муаррифӣ кунанд, ки омодааст, дар гуфтугуҳои Сурия ширкат кунад.

Лавров афзуд, кишварҳои ҳомии муоризон дар Сурия ҳамчунин талош мекунанд, то Кумитаи олии музокирот таҳтулҳимоя саудиҳоро аз тариқи даъват ба Шӯрои амният Созмон милал қонунӣ кунанд, ки ин иқдоми онон нақз тасмимҳои гирифта шудаи қаблӣ аст.

Вай тасреҳ кард, талоши кишварҳои ҳомии муоризон дар Сурия, дар ҳоле анҷом мешавад, ки бар асоси қатъномаи 2254 Шӯрои амният, музокироти Сурия бояд дохилӣ ва ҳамагир бошад ва тамоми тарафҳои сурӣ, аз ҷумла гурӯҳҳои ташкил шуда дар Қоҳира, Маскав ва Риёз дар он ширкат кунанд.

Лавров ҳамчунин бо таъкид бар ҳалли сиёсии буҳрони Сурия, аз кишварҳое, ки ҳомии муоризон дар ин кишвар ҳастанд хост, ки фақат дар пайи амалӣ кардани баландпарвозиҳо набошанд ва ба суриҳо, ояндаи Сурия ва якпорчагии ин кишвар биандешанд.

Пас аз шикасти амалиёти панҷ солаи чанд кишвари ғарбӣ-арабӣ, бавижа Амрико ва Арабистон алайҳ Сурия, Вашингтон марти гузашта роҳбурди Маскав ва Теҳронро барқарории оташбас дар Сурия пазируфт, вале гурӯҳҳои мусаллаҳи мавриди ҳимояти Арабистон, ки бо террористҳои ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра низ ҳамкорӣ мекунанд, дар садади бозгашт ба даврони даргирӣ ҳастанд.