Ноябр 27, 2018 16:47 Asia/Dushanbe
  • Такзиби хабари мухолифати Лубнон бо кумаки таслиҳотии Русия

Бахши расонаии дафтари нахуствазири маъмур ба ташкили кобинаи Лубнон бо судури баёнияи хабарии мухолифати ин кишварро бо кумаки таслиҳотии Русия такзиб кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, дафтари Саъд Алҳарирӣ таъкид кард, ки Бейрут мувофиқати худро ба тарафи русӣ эълом карда ва қарор аст, таслиҳоти эҳдоӣ дар ихтиёри пулис (нерӯи амнияти дохилӣ)-и вобаста ба Вазорати умури дохилии Лубнон қарор гирад.

Рӯзномаи “Алахбор”-и Лубнон дирӯз хабар дод, ки ин кишвар бо фишори Амрико кумаки таслиҳотии Русия ба арзиши панҷ миллион долларро рад кардааст. Ин рӯзнома навишт, ки Лубнон рӯзи 22 ноябр бо ирсоли номаи расмие ба бахши низомии сафорати Русия дар Бейрут мухолифати худро бо пазириши кумаки таслиҳотии Русия эълом кардааст. Ба навиштаи ин рӯзнома, ин мухолифат бо ин баҳона сурат гирифт, ки таслиҳоти ирсолӣ аз Русия бо силоҳҳое, ки артиши Лубнон истифода мекунад, аз назари фаннӣ мутобиқат надорад. “Алахбор” далели мухолифати Лубнонро ба зоҳир фаннӣ, аммо дар воқеъ, сиёсӣ дониста буд.