Декабр 06, 2018 14:43 Asia/Dushanbe
  • Оғози музокироти яманиҳо дар Шветсия; адами итминон дар натиҷа

Музокироти сулҳ миёни гурӯҳҳои яманӣ аз имрӯз, шашуми декабр дар Стокголм, пойтахти Шветсия оғоз мешавад.

Ҷанги эътилофи Саудӣ алайҳи Яман аз 25 –уми марти соли 2015 оғоз шуд. Дар ҳоле, ки арабистониҳо муддаӣ шуда буданд, зарфи чанд ҳафта ин ҷангро ба нафъи худ хотима хоҳанд дод, акнун ин ҷанг дар чиҳилупанҷумин моҳ қарор дорад ва Арабистони Саудӣ низ таҳти шадидтарин фишорҳо барои мутаваққиф кардани ҷанг қарор гирифтааст.

То кунун чанд даври музокира миёни гурӯҳҳои яманӣ бо миёнҷигарии намояндаи Созмони Милал баргузор шуд. Нахустин даври музокирот миёни гурӯҳҳои яманӣ дар январи соли 2016 дар Женеваи Швейтсария ва бо миёнҷигарии Аҳмад валади Шайх, намояндаи вақти Созмони Милал дар умури Яман баргузор шуд, аммо дастоварде надоштааст.

Дувумин даври музокирот низ дар Кувайт бо васотати Валади Шайх ва тайи муддати 100 рӯз баргузор шуд, аммо ин музокирот низ дастоварде надошт ва аз августи 2016 то кунун ҳеҷ музокирае миёни гурӯҳҳои яманӣ анҷом нашуд. Омили аслии шикасти музокироти сулҳ, истиқлол надоштани ҳайати вобаста ба давлати мустаъфӣ ва вобаста будани он ба Риёз ва ҳамчунин шиддат гирифтани ҳамлаҳои ҷангандаҳои саудӣ ҳамзамон бо баргузории музокирот буд.

Акнун низ музокироти Шветсия дар шароите бо талошҳои Мартин Гриффитс, намояндаи Созмони Милал дар умури Яман оғоз мешавад, ки ҳайати 12 нафараи вобаста ба давлати мустаъфии Яман аз Риёз ба самти Стокголми Шветсия парвоз карданд. Ин мавзуъ гӯёи ин аст, ки Арабистон ба таври ғайримустақим дар нишасти Шветсия ҳузур дорад ва ҳайати вобаста ба давлати мустаъфӣ ҳамчунон аз худ ихтиёре надорад.

Се мавзуъ музокироти кунуниро бо ду музокира дар соли 2016 мутафовит месозад. Нахуст ин ки дар асари 45 моҳи ҷанг ва бомбаборони рӯзона Яман бо бузургтарин фоҷеаи инсонии даҳаҳои ахир дар ҷаҳон мувоҷеҳ шуд. Идомаи ҷанг метавонад “доминои марги ношӣ аз бемориҳо ва гуруснагӣ” - ро дар Яман ба роҳ андозад.

Дувум ин ки Арабистони Саудӣ таҳти шадидтарин фишорҳои ҷаҳонӣ барои поён додан ба ин ҷанг қарор дорад ва дар айни ҳол шоҳиди афзоиши тавони падофанди кумитаҳои мардумӣ ва артиши Яман аст.

Севум ин ки бар хилофи ду нишасти соли 2016 дар Женева ва Кувайт, ҷунбиши “Ансоруллоҳ” ва давлати мустаъфии Яман пеш аз оғози музокирот дар бораи мубодилаи 1500 то 2000 нафар аз асирон ба тавофуқ расиданд ва иҷрои ин тавофуқ низ ба баъд аз музокироти Шветсия гузошта шудааст.

Бушро Алмақтари дар таҳлиле, ки тавассути рӯзномаи “Ал-араби -ал -ҷадид”, чопи Лондон мунташир шуд, навишт: “Таҳаввулоти дохилӣ ва минтақаӣ раванди сиёсии авзои Яманро дар масири тозае пеш мебарад. Афзун бар мувозинаи майдонҳои набард, ҷомеаи байналмилал бештар аз ҳар замони дигаре аз вазъияти дарду ранҷҳои мардуми Яман хаста шуд”.

Нуктаи поёнӣ ин аст, ки бо вуҷуди ин ки фазои ҷадиде дар бораи буҳрони Яман ба вуҷуд омада ва нишонаҳое дар хусуси тамоюли бозигарони ғарбӣ барои поён додан ба ин ҷанг дида мешавад, аммо бо ин ҳол муҳимтарин шохисаи музокироти Шветсия “адами итминон” дар хусуси натиҷабахш будани ин музокирот аст.

Дар ҳамин росто, як манбаи дипломатӣ дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар гуфтугӯ бо хабаргузории Фаронса гуфт: “Умеди чандоне” ба ин музокирот нест ва бахти каме барои мунтаҳӣ шудани ин гуфтугӯҳо ба пешрафтҳои маҳсус вуҷуд дорад. Муҳимтарин иллати ин адами итминон ин аст, ки ҳамзамон бо ҳузури гурӯҳҳои яманӣ дар Шветсия, ҳамлаҳои эътилофи Саудӣ алайҳи манотиқи мухталифи Яман ташдид шудааст.

Дар воқеъ, масъалаи аслӣ ин аст, ки давлати мустаъфии Яман дар ҳоле барои музокира роҳии Шветсия шуд, ки ихтиёре барои поён додан ба ҷанг надорад. Зеро ин Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш ҳастанд, ки алайҳи Яман меҷанганд ва давлати мустаъфӣ акнун дар заифтарин шароити худ дар буҳрони Яман қарор дорад.