Декабр 11, 2018 09:43 Asia/Dushanbe
  • Монеатарошии саудиҳо барои ҳарифи Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё

Бозии дӯстонаи тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Яман бо сабаби монеатарошии Арабистон баргузор нашуд.

Ба гузориши сомонаи расмии Федератсияи футболи Яман, тими миллии футболи Яман, аввалин ҳарифи Эрон дар Ҷоми миллатҳои Осиё қарор буд, дар кишвари Қатар ҷамъ шавад, аммо Арабистон монеи ҷамъшавии ин тим шудааст. Ҳамчунин қарор буд, тими миллии футболи Тоҷикистон дар Доҳа дидори дӯстона бо тими Яман дошта бошад, вале таъхир дар баргузории урдуи омодагии яманиҳо дар Доҳа боис шуд, ин дидор баргузор нашавад.

Арабистон сафари тими миллии Яман ба Қатар барои барпоии урдуи якмоҳа ва баргузории се бозии тадорукотии барномарезишударо мамнуъ кард ва ин урду қарор аст, дар Риёз идома дошта бошад.

Тими миллии футболи Яман аввалин ҳарифи Эрон дар Ҷоми миллатҳои футболи Осиё аст.