Вокуниши Исроил ба гузориши Созмони тиҷорати Созмони милал
(last modified Tue, 13 Sep 2016 10:38:00 GMT )
Сентябр 13, 2016 15:38 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Исроил ба гузориши Созмони тиҷорати Созмони милал

Интишори гузориши ахири Созмони тиҷорат ва тавсеаи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди режими саҳюнистӣ, хашми мақомоти ин режимро барангехтааст.

Ба гузориши хабаргузории "Қудс" ва ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии "Едиот Аҳронот", Дани Донон, сафири режими саҳюнистӣ дар Амрико дар вокуниш ба гузориши Созмони тиҷорат ва тавсеаи Созмони милал, ки дар он Телавивро омили боло рафтани мизони маргу мири кӯдакони фаластинӣ дар навори Ғазза ва вахомати авзои иқтисодӣ дар ин минтақаи таҳти муҳосира муаррифӣ карда буд, гуфт, ин гузориш мутаассир аз нуфузи фаластиниён дар Созмони милал таҳия шудааст.

Донон аз Бон Ки Мун, дабири кулли Созмони милал хост то тавсияҳои пешниҳодӣ дар ин гузоришро иҷро накунад.

Манобеи дипломатии Исроил дар Созмони милал низ дар вокуниш ба ин гузориш муддаӣ шуданд, ки ин гузориш дар натиҷаи нуфуз ва таҳти таъсири мақомоти фаластинӣ дар Созмони милал сурат гирифтааст.