Озодии “Чашми башарият” пас аз як соли асорат дар Арабистон
Бусайна Арримий, кӯдаки ямание, ки ба “Чашми башарият” маъруф шудааст, пас аз як соли асорат дар Арабистон дар чорчӯби тавофуқи табодули асирон бо режими Саудӣ озод шуд.
Бусайна субҳи ҷумъа пас аз озодӣ, ба ҳамроҳи хонаводаи амуяш ба Санъо бозгашт.
Абдулқодир Алмуртазо, раиси Созмони миллии умури асирон ва гумшудагони Яман рӯзи ҷумъа ба дидани Бусайна рафт.
Алмуртазо пас аз ин дидор аз ҳамаи созмонҳои байналмилаливу дохилӣ ва ҳамчунин расонаҳо хост, ба дидани ин хонаводаи мазлум бираванд то аз зулму ситаме, ки ба онҳо шудааст, огоҳ шаванд.
Бусайна Арримий танҳо фард дар миёни хонаводааш буд, ки аз ҳамлаи ҷангандаҳои мутаҷовизи Саудӣ ҷон ба дар бурд. Дар ин ҳамла, ки 25 августи 2017 дар Санъо рӯй дод, падар, модар ва 5 бародари Басина кушта шуданд.
Бусайна Арримий пас аз берун кашида шудан аз зери харобаву овор, талош мекард яке аз чашмони худро боз нигаҳ дорад, ба ҳамин далел ба “Чашми башарият” маъруф шуд.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон ва муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз чаҳордаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.
Таҷовузи низомии Арабистон ҳамчунин кишвари фақири Яманро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ ва доруӣ мувоҷеҳ кардааст.