Беэътимодӣ ба муҳокимаи авомили қатли Хошуқҷи дар Арабистон
(last modified 2019-01-05T08:38:07+00:00 )
Январ 05, 2019 13:38 Asia/Dushanbe
  • Беэътимодӣ ба муҳокимаи авомили қатли Хошуқҷи дар Арабистон

Мудири Дидабони Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, наметавон тасаввур кард, ки дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ мақомоти Арабистон худашонро маҳкум кунанд, дар натиҷа муҳокимаи авомили ин парванда дар Арабистон эътимодсоз нест.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Луиз Чарбоннеа рӯзи ҷумъа изҳор дошт, қабл аз он ки муҳокимаи воқеӣ оғоз шавад, ниёз ба таҳқиқи ҷомеъ ва шаффоф дар парвандаи қатли Ҷамол Хошуқҷи аст ва пас аз он бояд фазо барои анҷоми муҳокимаи одилона фароҳам шавад.

Мудири Дидабони Ҳуқуқи Башари Созмони Милал изҳор дошт, муҳокимае ки дар Арабистон оғоз шуда, эътимодбахш нест, чун бояд мушаххас шавад чӣ касе барои қитъа - қитъа кардани ҷасади Хошуқҷи арра ба даст гирифтааст.

Луиз Чарбоннеа таъкид кард, муҳокимаи авомили парвандаи қатли Хошуқҷи фақат набояд мутаваҷҷеҳи касоне бошанд, ки ин қатлро муртакиб шудаанд, балки содиркунандаи дастур ва барномарезони он низ бояд муҳокима шаванд.

11 нафар аз муттаҳамони қатли Ҷамол Хошуқҷи дар додгоҳи Арабистони Саудӣ муҳокима ва панҷ нафар дар нахустин ҷаласаи додгоҳ ба эъдом маҳкум шуданд.

Ҷамол Хошуқҷи, рӯзноманигори мунтақиди саудӣ дувуми октябри соли 2018 вориди консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия шуд, аммо тавассути нерӯҳои амниятии Саудӣ ба шакли фоҷеаборе кушта шуд.

Ҳамаи шавоҳид, аз ҷумла иттилооте, ки давлати Туркия ва ҳатто Ожонси иттилооти марказии Амрико (СИА) мунташир кард, нишон дод, ки Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон пушти ин ҷинояти фаҷеъ қарор дорад.

 

 

Барчасп