Сентябр 14, 2016 17:40 Asia/Dushanbe
  • Талоши режими саҳюнистӣ барои мамониат аз ҳалли буҳрони Сурия

Раиси ҷумҳурии пешини Лубнон гуфт, режими саҳюнистӣ бо тамоми тавони худ дар талош аст то аз ҳалли буҳрони Сурия ҷилавгирӣ кунад.

Ба гузориши шабакаи телевизионии ал-Амаёдин, "омил лҳуд" раиси ҷумҳурии пешини Лубнон рӯзи сешанбе ҳамчунин гуфт, пас аз ин ки Исроил нишонаҳои ҳалли буҳронро дар Сурия мушоҳида кард, гурӯҳҳои мусаллаҳро дар минтақаи Ҷавлон фаъол кардааст.

Эмил Лаҳуд афзуд, Исроил робитаи наздике бо гурӯҳаки ҷабҳаи ан-Нусра ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дорад ва ин режим ба шиддат аз тавофуқи оташбас дар Сурия норозӣ аст.

Вай ҳамчунин гуфт, Исроил бо тамоми тавон аз гурӯҳҳои такфирӣ дар Сурия ҳимоят ва ба шиддат талош мекунад то роҳи ҳалле барои буҳрон дар Сурия ҳосил нашавад.

Эмил Лаҳуд таъкид кард, масъалаи асосӣ дар арзёбии таҳаввулоти Сурия ин аст, ки артиш ва миллати Сурия бар асоси бозпас гирифтан ҳуқуқи худ рафтор мекунанд.

Оташбаси тавофуқшуда байни Русия ва Амрико аз душанбешаб ба муддати 7 рӯз дар саросари хоки Сурия ба ҷуз манотиқи таҳти ишғоли террористҳо барқарор шудааст.