30 ҳазор санади маҳрамонаи ишғоли Ироқ мунташир шуд
(last modified Sat, 19 Jan 2019 13:25:28 GMT )
Январ 19, 2019 18:25 Asia/Dushanbe
  • 30 ҳазор санади маҳрамонаи ишғоли Ироқ мунташир шуд

Давлати Амрико 30 ҳазор санади маҳрамонаи марбут ба таҳаввулоти ҷанги соли 2003-и Вашингтон ва ҳампаймононаш алайҳи Ироқ ва ишғоли ин кишварро мунташир кард.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи Донишкадаи ҷанг дар артиши Амрико дар гузорише, ки рӯзи шанбе дар расонаҳои ироқӣ бозтоб ёфт, навишт: Ин аснод ба оғози ишғоли Ироқ дар соли 2003 то замони хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар дар соли 2011 марбут мешавад.

Ин аснод дар қолаби ду ҷилд китоби марбут ба солҳои 2003 то 2006 ва дигаре аз 2007 то 2011 мунташир шудааст ва дорои бархе суханон, изҳорот ва мусоҳибаҳое аст, ки бо мақомоти амрикоӣ ва ё шахсиятҳои ироқӣ, анҷом шуда ва токунун маҳрамона будааст.

Дар ин гузориш омадааст, ки ҷанги Ироқ, пас аз ҷанги Ветнам пурҳазинатарин ҷанг барои Амрико будааст.

Ин маҷмӯаи аснод ҳам акнун ба шакли файлҳои фишурдаи “PDF” дар пойгоҳи электронии Донишкадаи ҷанги артиши Амрико дар дастраси умум қарор дорад.

Дар ҳоле, ки токунун мақомоти амрикоӣ иттилооти дугонае дар бораи талафоти худ дар ин ҷанг ва низ қурбониёни ғайринизомии Ироқ дар даврони ишғоли ин кишвар мунташир кардаанд, бояд дид асноди ҷадид то чӣ андоза воқеиятҳои ишғоли Ироқ ва ҷиноёти Амрикоро дар ҳаққи мардуми ин кишвар, равшан мекунад.