Феврал 10, 2019 09:47 Asia/Dushanbe
  • Ҷамъоварии 70 имзо дар парлумони Ироқ барои ихроҷи низомиёни амрикоӣ

Маҳдӣ Тақӣ узви комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ рӯзи шанбе эълом кард, то кунун 70 намояндаи ироқӣ номаи ба ҷараён андохтани пешнависи тарҳи қонуни ихроҷи неруҳои бегона ба вижа низомиёни Амрико аз хоки Ироқро имзо кардаанд.

Ба гузориш хабаргузории Меҳр, Маҳдӣ Тақӣ тасреҳ кард, ситоди муштараки артиши Ироқ қарор аст тайи ду рӯзи оянда гузориши ҷомеъ дар бораи теъдоди пойгоҳҳои Амрико ва мизони неруҳои мустақар дар он ба комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ ироа кунад.

Маҳдӣ Тақӣ афзуд, комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ дар назар дорад, агар сарлашкар Усмон ал-Ғонимӣ, раиси ситоди кулли артиш ва Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳ, иттилооти марбут ба неруҳои амрикоиро дар ихтиёри парлумон нагузоранд, он дуро истезоҳ кунад.

Неруҳои амрикоӣ, ки дар соли 2011 ба иллати шикаст ва нокомиҳои мукаррар, маҷбур ба тарки хоки Ироқ шуда буданд, дар соли 2014 ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ дар садри як этилофи ба истилоҳ байналмилалӣ бори дигар вориди ин кишвар шуданд.

Ҳузури низомиён амрикоӣ дар Ироқ ахиран табдил ба яке аз масоили баҳсбарангез дар маҳофили сиёсии ин кишвар шудааст. Бисёре аз мардум ва гурӯҳҳои ироқӣ мухолифи ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ҳастанд.

Дархостҳо барои хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Ироқ, дар ҳафтаҳои ахир ба вижа пас аз он ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар ҷараёни таътилоти соли нави мелодӣ дар сафаре эъломнашуда ва хориҷ аз урф вориди пойгоҳи ҳавоии Айнуласад дар устони Аланбор дар ғарби Ироқ шуд, дучандон шудааст. Ин иқдоми Трамп сабаби эътироз ва хашми ироқиҳо шудааст.