Феврал 10, 2019 21:08 Asia/Dushanbe
  • Ихроҷи низомиёни амрикоӣ хостаи умуми мардуми Ироқ ва Сурия

Узви комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ эълом кард, токунун 70 намояндаи ироқӣ номаи ба ҷарён андохтани пешнависи тарҳи қонуни ихроҷи нерӯҳои бегона бавижа низомиёни Амрико аз хоки Ироқро имзо кардаанд.

Нерӯҳои амрикоӣ, ки дар 2011 ба иллати шикаст маҷбур ба тарки Ироқ шуда буданд, дар 2014 ба баҳонаи мубориза бо ДИИШ дар садри як эътилофи ба истилоҳ байналмилалӣ бори дигар вориди ин кишвар шуданд.

Ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва низ мудохилоти рӯзафзуни Амрико дар умури дохилии ин кишвар эътирозоти тайфи васее аз мардум ва гурӯҳҳои ироқиро дар пай доштааст.

Ин дар ҳолест, ки дар чорчуби ташдиди эътирозоти суриҳо дар ҳафтаҳои ахир ба ҳузури нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ дар хоки кишварашон, сокинони устони Раққаи Сурия хостори хуруҷи низомиёни амрикоӣ ва фаронсавӣ аз ин устон ва таваққуфи дахолат дар умури дохилии кишварашон шуданд.

Чанде пеш мардуми ашоири ҳавмаи ҷануби ғарбии Раққа низ бо қиём зидди нерӯҳои мавсум ба “Сурияи демократӣ” пойгоҳҳои онон ва низ пойгоҳҳои амрикоиро дар шаҳракҳои худ ба оташ кашиданд.  

Амрико ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ ва дар қолаби эътилофи байналамиллии ба истилоҳ зидди ДИИШ ба сурати ғайриқонунӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузури низомӣ дорад.

Ҳузури Амрико ва ҳампаймононаш дар Сурия ва Ироқ ба баҳонаи мубориза бо терроризм дар ҳоле аст, ки ин эътилоф аз эҷодкунандагон ва ҳомиёни аслии террорист дар Сурия ва Ироқ аст.

Мардуми Ироқ ва Сурия ва афкори умумии минтақа ҳеҷ эътимоде ба Амрико надоранд ва таҳаррукоти низомии мудохилаҷуёнаи он дар минтақаро бо ҳассосият дунбол карда ва алайҳи он вокуниш нишон медиҳанд.

 

Барчасп