Март 03, 2019 14:59 Asia/Dushanbe
  • Эъломи теъдоди занони хориҷии ДИИШ дар зиндонҳои Ироқ

Як масъули ироқӣ теъдоди террористҳои зани ДИИШ-ӣ дар зиндонҳои Ироқро эълом кард.

Ба гузориши Тасним, Алӣ Албаёнӣ узви комиссияи олии ҳуқуқи башари Ироқ эълом кард: Беш аз 1500 зани хориҷӣ аз гурӯҳаки террористии ДИИШ дар зиндонҳои Ироқ вуҷуд доранд, ки бархе аз онҳо миллияти фаронсавӣ ва олмонӣ доранд.

Албаёнӣ дар гуфтугӯи матбуотӣ афзуд: Беш аз 1500 зан аз гурӯҳаки такфирии ДИИШ дар зиндонҳои вижа дар Ироқ боздошт ҳастанд, ки бархе аз онон фарзанд доранд ва дар ин миён, се зани фаронсавӣ аз ҳамсарони гурӯҳаки террористии ДИИШ бо ду фарзандашон дар Ироқ зиндонӣ ҳастанд. ‎

Узви комиссияи олии ҳуқуқи башари Ироқ шашуми феврали гузашта омореро дар бораи занон ва кӯдакони рус дар зиндонҳои Ироқ эълом карда буд, ки ба гуфтаи вай ҳудуди 70 зан ва 124 кӯдак аз шаҳрвандони Русия ба иттиҳоми вобастагӣ ба гурӯҳаки террористии ДИИШ дар зиндоне дар Ироқ ба сар мебаранд.

 

Барчасп