Март 06, 2019 11:02 Asia/Dushanbe
  • Гуруҳи террористӣ ва зидди эронии Ҷундуллоҳ дар рӯйхатти сиёҳи Покистон

Давлати Покистон ҳамзамон бо ташдиди бархурд бо гуруҳҳои террористӣ ва ғайриқонунӣ дар ин кишвар, рӯйхатти гуруҳҳои мамнуъаро мунташир кард, ки номи гуруҳаки террористӣ ва зидди эронии мавсум ба Ҷундуллоҳ низ дар он дида мешавад.

Ба нақл аз ИРНО, идораи мубориза бо терроризми Покистон (NACTA), рӯйхатти нав 68 созмони мамнуъа ва гуруҳи террористиро мунташир кард.

Дар ин рӯйхат номи гуруҳаки террористии мавсум ба Ҷундуллоҳ, ки дар гузашта дар бисёре аз амалиётҳои террористӣ ва зиддиинсонӣ дар хоки Ҷумҳурии исломии Эрон даст дошт низ вуҷуд дорад.

Илова бар ин, идораи мубориза бо терроризми Покистон чаҳор гуруҳи Ҷамоъату даъваро низ дар ҷамъи гуруҳҳои таҳти назорати ин кишвар қарор дод.

Диҳлии нав борҳо ин гуруҳ ва аъзои онро ба даст доштан дар амалиёти террористӣ дар хоки Ҳинд муттаҳам кардааст.

 

Барчасп