Март 15, 2019 21:05 Asia/Dushanbe
  • Газофагӯии ҷадиди Одил ал-Ҷубайр алайҳи Эрон

Бо вуҷуди дархости давлати Сурия барои ҳузури мусташорони Эрон дар он кишвар барои мубориза бо терроризм, вазири мушовир дар умури хориҷаи Арабистон рӯзи панҷшанбе хурӯҷи мусташорони эронӣ аз хоки Сурияро хостор шуд.

Одил ал-Ҷубайр дар севумин конфронси Аврупо дар бораи Сурия бо унвони “Ҳимоят аз ояндаи Сурия ва минтақа” дар Брюссел иддао кард, ҳалли буҳрони Сурия бо хуруҷи мусташорони эронӣ аз Сурия мумкин аст.

Изҳороти хасмонаи мақоми саудӣ зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле баён мешавад, ки Эрон барои мубориза бо гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Амрико ва муттаҳидонаш дар Сурия ба дархости расмии ин кишвар, кумакҳои мусташорӣ ба Димишқ ироа мекунад, иқдоме, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба мақомоти саудӣ, амрикоӣ ва исроилӣ хушоянд нест.

 

Барчасп