Март 18, 2019 19:22 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 9 гӯри ҷамъии дигар дар шимоли Ироқ

Узви Кумитаи ҳуқуқи башари Ироқ аз кашфи 9 гӯри ҷамъии эзадиҳои кушташуда ба дасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Санҷор, дар вилояти Найнавои Ироқ хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Абдулвоҳид Алҳалфи, узви гурӯҳи тафаҳҳуси гӯрҳои ҷамъии қурбониёни эзадӣ рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард, то кунун дар маҷмуъ 76 гӯри ҷамъӣ дар Санҷор кашф шудааст.

 Вай ҳамчунин аз кушодани яке аз гӯрҳо ва оғози тафаҳҳуси ҷасадҳои қурбониён хабар дод.

Аз замони нобудии ДИИШ дар Ироқ то кунун чандин гӯри ҷамъӣ дар манотиқе ки ба ишғоли ин гурӯҳи террористӣ даромада буд, кашф шудааст.

Гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ пас аз юриши сареъ ва густурда ба хоки Ироқ дар июни соли 2014, беш аз як ҳазору 293 мард, писарбача ва пиразани эзадиро дар ҳамон рӯзҳои нахуст қатли ом кард ва ҷасадҳои ононро дар гӯрҳои ҷамъӣ рехт.

Террористҳои ДИИШ ҳазорон зану духтари эзадиро низ ба бардагӣ гирифта ва хариду фурӯш карданд.

Бар асоси охирин оморҳои Созмони Милали Муттаҳид, то поёни ноябри соли 2018 ва бо гузашти чаҳор сол аз ҳамлаи ДИИШ ҳамчунон се ҳазору 83 кӯдаки эзадӣ, азҷумла як ҳазору 427 духтари хурдсол дар асорати ДИИШ ҳастанд.