Шайх Қосим: Одасозии равобит бо Исроил фоҷиабор аст
Раҳбари шиаёни Баҳрайн гуфт, оддисозии равобити бархе аз кишварҳои арабӣ бо душмани саҳюнистӣ, паёмадҳои фоҷиабор ва сангине барои уммати Ислом барҷой мегузорад.
Ба гузориши хабаргузории Қудс (Қудсно),Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн рӯзи чаҳоршанбе бо интиқод аз мушорикати саҳюнистҳо дар Конфронси байналмилалии Баҳрайн, таъкид кард, оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ, ҳимоят аз ишғолгарии Исроил аст.
Шайх Исо Қосим афзуд, истиқболи режими Оли Халифа аз мизбонии саҳюнистҳо ба манзалаи эъломи сареҳи режим барои кӯтоҳ омадан аз ормонҳои муқаддаси мардуми Баҳрайн аст.
Конфронси байналмилалии корофаринӣ ба мизбонии Манома 15 то 18 апрел бо ҳузури шуморе аз коршиносони умури иқтисодӣ, аз ҷумла 45 шахсияти саҳюнист ва дар садри онҳо Эли Коҳэн “Eli Cohen), вазири иқтисоди Исроил баргузор хоҳад шуд.
Кувейт дар вокуниш ба мушорикати ҳайати саҳюнистӣ дар конфронси Баҳрайн, ҳузур дар ин конфронсро таҳрим кард.
Талоши Баҳрайн ва бархе дигар аз кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистони Саудӣ барои оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки ин режим солҳо аст илова бар саркӯби фаластиниён бисёре аз манотиқи арабӣ- исломиро ишғол кардааст.