Апрел 15, 2019 12:11 Asia/Dushanbe
  • Дархости додситони Миср барои эъдоми Муҳаммад Мурсӣ  ва 23 нафари дигар

Додситони Миср Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури собиқ ва зиндонии ин кишварро ба ҳамроҳи 23 тани дигар аз аъзои гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ба «ҷосусӣ барои созмонҳои хориҷӣ», муттаҳам карда ва эъдоми ононро хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, аз дигар иттиҳомоти ин афрод «талоши Ихвонулмуслимин барои сарнагунии режимҳои кишварҳои арабӣ, эҷоди Ховари Миёнаи ҷадид ва идомаи анҷоми нақшаҳои террористӣ», унвон шудааст.

Намояндаи додситонии Миср рӯзи якшанбе дар ҷаласаи додгоҳ муддаӣ шуд, Мурсӣ ва ин 23 нафар бо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) ва Ҳизбуллоҳи Лубнон дар иртибот будаанд.

Ин додгоҳ, муҳокимаи Мурсӣ ва 23 тани дигар аз аъзои Ихвонулмуслимин дар парвандаи маъруф ба ҷосусӣ барои “Ҳамос”-ро ба 28-ум апрел мавкул кард.

Ин дар ҳолест,ки чанде пеш, додгоҳи фарҷомхоҳии Миср ҳукми эъдоми содира алайҳи Мурсиро дар парвандаи юриш ба зиндонҳо дар соли 2011 ва низ ҳукми ҳабси абади содира алайҳи вайро дар парвандаи ҷосусӣ, лағв карда буд.

Аз замони барканории Мурсӣ, раисиҷумҳури қонунии Миср дар соли 2013 токунун нерӯҳои пулис ва артиши ин кишвар дастикам 1400 тазоҳуркунандаи тарафдори Мурсиро кушта ва беш аз 15 ҳазор нафари дигарро саркӯб ва зиндонӣ кардаанд.

Абдулфттоҳ Ал-Сисӣ дар соли 2013 бо як кудатои низомӣ, Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури қонунии Мисрро аз қудрат барканор кард. Сисӣ дар он замон вазири дифо буд.

Ал Сисӣ пас аз кудато алайҳи Мурсӣ дар як интихоботи фармоишӣ дар соли 2014 қудратро дар Миср дар ихтиёр гирифт. Ал Сисӣ аз он замон токунун дар сояи ҳимояти Ғарб, сиёсати саркӯби мухолифонро дар пеш гирифтааст.

Созмони Афви байналмилал ахиран эълом кард, Миср дар даврони  раёсатҷумҳурии Сисӣ, ба ҳуқуқи башар беэътино аст.

Дар моҳҳои ахир бисёре аз ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ нисбат ба амалкарди Абдулфаттоҳ Ал Сисӣ дар ҳавзаи озодиҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар Миср ҳушдор додаанд.

 

Барчасп