Сафари вазири умури хориҷаи Эрон аз Тунис ва Миср
-
Вазири корхои хоричии Эрон Сайид Аббос Ироқчӣ
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз сафари вазири хориҷаи Эрон ба Тунис ва Миср хабар дод.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, гуфт: Ин сафарҳо дар чаҳорчӯби машваратҳои пайвастаи Эрон бо кишварҳои минтақа ва исломӣ ба манзури таҳкими равобити дуҷониба ва табодули афкор роҷеъ ба масоили минтақаӣ ва таҳаввулоти байналмилалӣ сурат мегирад. Бақоӣ афзуд: Дар ҷараёни сафари Ироқчӣ ба Қоҳира дидоре бо мудири кулли Ожонси Байналмилалии Энержии Атомӣ барои анҷоми музокираҳо дар бораи кодекси нави рафтори Эрон ва Ожонс баргузор мешавад. Ҳамзамон даври нави музокироти сиёсӣ миёни Эрон ва Миср баргузор мешавад ва вазири хориҷаи Эрон бо Абдулфаттоҳ Сисӣ, раиси ҷумҳури Миср низ дидор хоҳад кард. Манобеъи мисрӣ эълом карданд: Вазири умури хориҷаи Миср рӯзи сешанбе дар Қоҳира мизбони вазири умури хориҷаи Эрон ва мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ мешавад.