Башор Асад иқдоми Амрикоро дар қиболи Сипоҳ маҳкум кард
Раисҷумҳури Сурия гуфт, омили аслии бесуботӣ дар Ховари Миёна ҳузур ва дахолати Амрико дар умури дохилии кишварҳои ин минтақа аст.
Башор Асад, раисҷумҳури Сурия рӯзи сешанбе дар дидор бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон дар Димишқ бо маҳкум кардани иқдомоти ғайримасъулонаи Амрико зидди Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ таъкид кард, сиёсатҳои Амрико ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ боис намешавад, ки Эрон, Сурия ва ҳампаймонони онҳо аз идомаи мутолибаи ҳуқуқ ва манофеи миллатҳои худ даст бикашанд. Вазири умури хориҷии Эрон ҳам дар ин дидор тасмими Амрико дар хусуси Ҷавлони ишғолии Сурияро маҳкум кард ва гуфт, ин тасмим ҷудо аз иқдомоти Вашингтон дар бораи Қудси ишғолӣ ва Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ нест, ки ҳамагӣ нишон аз шикасти сиёсатҳои Амрико дар минтақа аст. Зариф тасреҳ кард, иқдомоти Амрико дар минтақа мӯҷиб шудааст, то Эрон ва Сурия ҳамоҳангиҳои бештаре дар ҳама сутуҳи минтақаӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла амнияту субот дар минтақа дошта бошанд.
Вазири умури хориҷии Эрон барои дидор бо мақомоти олирутбаи Сурия рӯзи сешанбе вориди Димишқ шуд.