Май 12, 2019 10:37 Asia/Dushanbe
  • Пешгирии саҳюнистҳо аз эътикофи ҷавонони фаластинӣ дар Масҷидулақсо

Низомиёни режими саҳюнистӣ шанбешаб бо ҳамла ба Масҷидулақсо фаластиниҳои эътикофкунандаро аз ин масҷиди муқаддас берун карданд.

Ба нақл аз ИРНО, низомиёни режими саҳюнистӣ ҷавонони пуршури фаластиниро, ки барои эътикоф омада буданд таҳдид карданд, ки дар сурате, ки Масҷидулақсоро фавран тарк накунанд боздошт мешаванд.

Режими ишғолгари саҳюнистӣ ҳамвора бо оғози моҳи мубораки Рамазон, бо ташдиди тадобири амниятӣ тамомии роҳҳои вурудӣ ба Қудсро мебандад ва барои вуруди фаластиниён ба Байтулмуқаддас маҳдудиятҳои зиёдеро таъин мекунад.