Май 14, 2019 21:26 Asia/Dushanbe
  • “Ансоруллоҳ”-и Яман: Амалиёти паҳподӣ, паёме ба мақомоти Саудӣ ва Аморот

 “Ансоруллоҳ”-и Яман эълом кард, амалиёти густардаи паҳподии имрӯз ба умқи хоки Арабистон ҳомили ин паём ба мақомоти Саудӣ ва Аморот буд, ки чунончи дар муҳосиботи худ бознигарӣ накунанд, ҷанги фарогир дар интизори онҳост.

Шабакаи телевизионии “Алмасира” имрӯз аз амалиёти ҳафт паҳподи яманӣ ба аҳдофи иқтисодӣ ва нафтии Арабистони Саудӣ хабар дод.

Муҳаммад Албахитӣ, аз раҳбарони “Ансоруллоҳ”-и Яман ин амалиётро дар ростои ҳаққи яманиҳо дар дифоъ аз худ донист ва афзуд, нерӯҳои мусаллаҳи Яман ҳудуди як сол қабл тарҳи якҷонбаеро ироа доданд, ки дар он ҳамалоти мушакӣ ва паҳподӣ ба умқи Арабистон ва Аморот дар баробари таваққуфи ҷанг алайҳи Яман мутаваққиф мешуд, аммо ин ҳамалот аз ҷониби саудиҳо ва аморотиҳо ташдид шуд, аз ин рӯ, ин амалиёти паҳподӣ бозгашт ба сиёсати ҳадаф қарор додани умқи Аморот ва Арабистон аст. Албахитӣ бо баёни ин ки сиёсати мақомоти Саудӣ ва Аморот дар шуълавар кардани минтақа, хоҳ дар Яман ё манотиқи дигар, сиёсати хатарноке аст ва бояд ҷанг ба дохили ин кишварҳо кашида шавад, ба эътилофи Саудӣ тавсия кард, дар муҳосиботи худ бознигарӣ карда ва ба ҷойи шуълавар кардани ҷанг ба нафъи миллатҳои худ ва миллатҳои минтақа ҳаракат кунанд.

Пас аз ҳадаф қарор гирифтани аҳдофи иқтисодӣ ва нафтии Арабистони Саудӣ тавассути паҳподҳои яманӣ Холид Алфолеҳ, вазири энержии Арабистони Саудӣ таъйид кард, хатти лӯлаи нафти миёни минтақаи Ашшарқия ва Янбуъ, дар соҳил баҳри Сурх ҳадафи ҳамла бо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин қарор гирифтааст.