Май 24, 2019 21:01 Asia/Dushanbe
  • Муофияти Ироқ аз таҳримҳои энержии Амрико алайҳи Эрон

Кордори сафорати Амрико дар Бағдод эълом кард, Вашингтон, Бағдодро аз таҳримҳои марбут ба воридоти барқу газ аз Эрон муоф кардааст.

Ба гузориши ИРНА, Ҷои Ҳуд афзуд, Бағдод метавонад энержии мавриди ниёзи худро аз Эрон харидорӣ кунад.

Иқдоми Амрико дар эътои муофият ба Ироқ дар заминаи воридоти барқу газ аз Эрон пас аз шикасти талошҳои Вашингтон дар ҳамроҳ кардани Бағдод бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико сурат гирифт.

 Мақомоти амрикоӣ дар моҳҳои ахир борҳо қатъи воридоти газу барқи Ироқ аз Эронро хостор шуда буданд, аммо ироқиҳо ба ин хости Амрико таваҷҷуҳ накарданд.

Ироқ бахши зиёде аз ниёзҳои энержии худ, монанди барқу газро аз Эрон ворид мекунад.

Мақомоти ироқӣ борҳо эълом кардаанд, бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи Эрон ҳамроҳӣ нахоҳанд кард.