Май 26, 2019 14:02 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти мардуми Ироқ дар эътироз ба сиёсатҳои Амрико алайҳи Эрон

Ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ироқӣ дар чанд шаҳри ин кишвар аз ҷумла Бағдод ва Басра, дар эътироз ба сиёсатҳои хасмонаи Амрико алайҳи Эрон тазоҳурот карданд.

Ба нақл аз шабакаи Алъолам, ширкаткунандагон дар ин тазоҳурот алайҳи сиёсатҳои хасмонаи Амрико алайҳи Эрон ва минтақа бо сардодани шиорҳое аз намояндагони парлумони Ироқ хостанд қонунеро мабнӣ бар хуруҷи низомиёни Амрико аз Ироқ тасвиб кунанд.

Мардуми шаҳрҳои мухталифи Ироқ дар ин тазоҳурот таъкид карданд, ки ҳеҷ гуна ҷангеро алайҳи кишварҳои ҳамсоя намепазиранд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико душанбеи ҳафтаи гузашта дар идомаи пургӯиҳо алайҳи Эрон дар пайёме твиттерӣ Эронро ба ҷанг таҳдид кард.

Пеш аз ин низ садҳо тан аз тарафдорони саид Муқтадо Садр раҳбари Ҷунбиши Садр бо таҷаммуъ дар Карбало ва Бағдод бо ба роҳ андохтани ҷанги минтақаӣ аз сӯи Амрико ва кашида шудани он ба Ироқ мухолифат карда буданд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико эълом кардааст, ки қасд дорад ҳазору 500 неруи низомӣ ба Ховари Миёна бифристад.