Сарнавишти Фаластин, ҳамчунон дар садри мавзуъоти ҷаҳони ислом
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i44130-Сарнавишти_Фаластин_ҳамчунон_дар_садри_мавзуъоти_ҷаҳони_ислом
Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Май 30, 2019 11:42 Asia/Dushanbe
  • Сарнавишти Фаластин, ҳамчунон дар садри мавзуъоти ҷаҳони ислом

Охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба ибтикори имом Хумайнӣ (р) бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷаҳонии Қудс номгузорӣ шудааст.

Роҳпаймоии рӯзи ҷаҳонии Қудс, рӯзи ҷумъа 31 моҳи май баробар бо 26 моҳи Рамазони 1440 ҳиҷрии қамарӣ, ҳамзамон бо Эрон дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ баргузор мешавад.

 Саид  Аббос Мусавӣ, сухангуи Вазорати  умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар остонаи рӯзи ҷаҳонии Қудс гуфт; мавзуъи Фаластин ба унвони пораи тани ислом ба далели эъмоли нуфузи Амрико ва хушхиёлиҳои бархе кишварҳои минтақа ҳануз ҳал нашудааст.

Мусавӣ бо баёни ин,ки Эрон мавзуъи Фаластинро дар садри мавзуъоти ҷаҳони ислом медонад изҳор кард; дар рӯзи Қудси имсол ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон озодии Қудсро фарёд хоҳанд зад.

Тавтиаҳои Амрико ва истикбори ҷаҳонӣ беш аз 70 сол аст,ки алайҳи миллати Фаластин идома дорад. Давлати феълии Амрико низ ба саркардагии Трамп на фақат аз ин ҷараён истисно нест балки дар гоми баланд парвозона дар садад аст то тавтиаи наверо дар пушиши тарҳи мавсум ба Муъомилаи Қарн иҷроӣ кунад

Ахиран Вазорати хориҷаи Амрико аз ин тарҳ ба унвони Иқдоми навин дар Ховари Миёна  низ ном бурдааст.

Албатта мушахас аст,ки моҳияти ин нақшаҳо, ҳамон тарҳҳои қадимие аст,ки зоҳираш тағийр кардааст.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи тарҳи Амрикоӣ  Саҳюнистии Муъомилаи қарн мегуяд; ҳарчанд пешбиниҳо ҳикоят аз ин дорад,ки мавзуъи Муъомилаи қарн абтар ( бурида шуда  ҷудо шуда ) хоҳад монд аммо ба ҳар ҳол бояд дар ин замина ҳушёр буд.

Нишонаҳо ҳоки аз он аст,ки тарҳи Трамп мавсум ба Муомилаи қарн ба сурати тадриҷи пайгири мешавад.

Агрчи дар як соли гузашта аз бархе талошҳо барои ҳамроҳии кишварҳои арабӣ бо Исроил дар ин замина рӯнамоӣ шудааст, аммо ҳануз мониъаҳои бисёр ҷиддӣ барои Амрико ва Исроил дар иҷроӣ кардани Муъомилаи қарн вуҷуд дорад.

Холид Қадумӣ, намояндаи ҷунбиши Ҳамос дар Теҳрон дар арзёбии худ аз иҷроӣ шудан ё нашудани Муъомилаи қарн мегуяд; тасавур намекунам таъхире иттифоқ афтода бошад зеро онҳо муқадамоти тарҳро оғоз карда ва иқдомҳоеро ҳам амалан иҷроӣ кардаанд,ки интиқоли пойтахт ва сафорат ба Қудс, фишор алайҳи муқовимат ва намунае аз ин иқдомот аст,ки зейли муомилаи қарн анҷом додаанд.

Носир Абу Шариф намояндаи  Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ҳам муътақид аст,ки пайваст  кардани Қудс ба ақиб андохта шудааст,аммо дар моҳҳои оянда иҷроӣ мешавад ба ҳамин далел режими Саҳюнистӣ ва Амрико тасмим гирифтаанд то фишори шадидеро ба муқовимат ва кишварҳои бузурги минтақа ва онҳое,ки дар хатти муқовимат ҳастанд ва бо Муъомилаи қарн мухолифат доранд,ворид кунанд.

Сабоҳ Зангана таҳлилгари масоили ҷаҳони ислом ва Фаластин дар арзёбии мизони иртиботи фишорҳои Амрико бар Эрон ва рӯнамоӣ аз Муъомилаи қарн мегуяд; ба назар мерасад,ки тамоми иқдомҳои ахири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  дар ҳавзаи низомӣ ва амниятӣ дар Халиҷи Форс ва Ховари Миёна танҳо барои таъсиргузорӣ бар Эрон нест,балки Кохи Сафед саъй дорад бо ин иқдомҳо тағийрот ва таъсиротеро мутаносиб бо ҳадафҳои худ дар Ғарби Осиё шакл диҳад,ки метавонад як бахши он ба Барҷом,тавони мушакии Эрон ва илова бар он бахше ҳам ба Муъомилаи қарн марбут шавад.

Бо ин пеш фарз акнун ду роҳ вуҷуд дорад; ё таслим шудан  ва ё идомаи муқовимат дар муқобили тавтиаҳои сегонаи Амрико,Исроил  ва Арабистон.

Дар вазъияти феълии минтақа; қатъан рӯзи Қудс ҳовии паёми муҳиме дар ростои маҳак хурдани ҷараёни муқовимат аст. Аз ин дидгоҳ охирин ҷумъаи рамазон як рӯзи маъмулӣ нест,бавижа он,ки шиъори  меҳварии рӯзи ҷаҳонии Қудс аз сӯи  сардор Рамазон Шариф, раиси ситоди интифоза  ва Қудси Шурои ҳамоҳангии таблиғоти исломӣ, рӯзи ҷаҳонии Қудс, шикасти Муъомилаи қарн,тасбити ормони Фаластин,эълом шудааст.