Рафтори ношоистаи маъмури амниятии саудӣ бо зани умрагузор + видео
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i44370-Рафтори_ношоистаи_маъмури_амниятии_саудӣ_бо_зани_умрагузор_видео
Рафтори маъмури саудӣ дар Масҷидулҳаром бо як зани умрагузор хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 10, 2019 17:03 Asia/Dushanbe

Рафтори маъмури саудӣ дар Масҷидулҳаром бо як зани умрагузор хашми корбарони шабакаҳои иҷтимоиро барангехт.

Дурбинҳои мадорбастаи Масҷидулҳаром тасовире аз як маъмури саудӣ дар наздики Каъба сабт карданд, ки як зани умрагузорро ҳангоми наздик шудан ба Ҳаҷаруласвад аз пушти сар мегирад ва ба каноре парт мекунад.

Гуфта мешавад, дар он лаҳза нерӯҳои амниятӣ дар ҳоли эҷоди ҳалқае барои назофати Каъба буданд, аммо зан қасд дошт бо истифодаи фурсати ба вуҷудомада, Ҳаҷаруласвадро ламс кунад ва бибӯсад, ки бо рафтори хашини маъмур рӯбарӯ шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, маъмурони Масҷидулҳаром бояд дар ҳар ҳол ҳурмати “зуюфурраҳмон” (меҳмонони Худо)-ро ҳифз кунанд.