Сентябр 20, 2016 18:05 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни Иди Ғадири Хум дар Ироқ ва Сурия

Ҷашни Иди саиди Ғадири Хум дар Ироқ ва Сурия баргузор шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, маросими ҷашни Иди саиди Ғадири Хум вилоят душанбе шаб бо ҳузури зоирони эрониву ироқӣ ва зоироне аз дигар кишварҳои исломӣ, дар ҳарами ҳазрати Алӣ (а) дар Наҷафи Ашрафи Ироқ баргузор шуд .

Нерӯҳои ироқӣ, тадобири амниятии вижаеро барои ҷашни Иди саиди Ғадири Хум дар Наҷафи Ашраф ва ҳумаи он ба иҷро гузоштанд.  

Маросими ҷашни Иди саиди Ғадири Хум дар ҳарами ҳазрати Зайнаб (с) дар Димишқ, пойтахти Сурия низ бо ҳузури зоирон ва муҷовирони он ҳазрат баргузор шуд .

Ҳамчунин дар маросиме, ки ба ин муносибат ба иҳтимоми дафтари намояндагии раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар Сурия баргузор шуд, 175 завҷи ҷавон, зиндагии муштараки худро оғоз карданд.  

Имрӯз сешанбе (30-и шаҳривар) 20-и сентябр ва 18-и зилҳиҷҷа мусодиф бо солрӯзи Иди саиди Ғадири Хум аз аъёди бузурги мусалмонон аст .