Созмони Милал аз имкони поёни ҷанги Яман хабар дод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i45387-Созмони_Милал_аз_имкони_поёни_ҷанги_Яман_хабар_дод
Намояндагони Созмони Милал дар умури Яман дар ҷамъи хабарнигорон дар Женева аз имкони поёни ҷанги ин кишвар хабар дод ва гуфт, ки тарафҳои даргир дар Яман ва ҳамчунин ҷомеаи байналмилал аз Тарҳи сулҳ, ки декабри гузашта дар Яман ҳосил шуд, эъломи ҳимоят карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 24, 2019 10:14 Asia/Dushanbe
  • Созмони Милал аз имкони поёни ҷанги Яман хабар дод

Намояндагони Созмони Милал дар умури Яман дар ҷамъи хабарнигорон дар Женева аз имкони поёни ҷанги ин кишвар хабар дод ва гуфт, ки тарафҳои даргир дар Яман ва ҳамчунин ҷомеаи байналмилал аз Тарҳи сулҳ, ки декабри гузашта дар Яман ҳосил шуд, эъломи ҳимоят карданд.

Ба нақл  аз хабаргузории Форс, Мартин Гриффитс, намояндаи Созмони Милал дар умури Яман афзуд:

Ман мӯътақидам, ки ин ҷанг ба таври қобили таваҷҷӯҳе қобили ҳал шудааст. Ҳар ду тараф исрор доранд, ки роҳи ҳалли сиёсиро хосторанд ва роҳи ҳалли низомӣ муфид нахоҳад буд.

Ҷанги Яман дар ҳоли вориди панҷумин соли худ мешавад.