Июл 27, 2019 19:36 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯри ҷамъии асирони кувайтӣ дар Ироқ

Устондори Алмусанно, дар ҷануби Ироқ аз кашфи гӯри ҷамъии асирони кувайтӣ дар саҳрои ин устон хабар дод, ки ба дасти режими Саддом эъдом шуда буданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Аҳмад Мунфи Ҷуда, устондори Алмусанно гуфт, моҳи июни соли 2019 низ созмони “Салиби Сурх”-и ҷаҳонӣ шуморе аз аҷсоди кувайтиҳоро дар Алмусанно кашф кард, ки дар даврони ҷанги Ироқ ва Кувайт нопадид шуда буданд.

Ҷанги Ироқ ва Кувайт дар давраи Саддом Ҳусайн, диктатори маъдум ва дар августи соли 1990 бо ишғоли бахше аз хоки Кувайт оғоз шуд ва дар 28 –уми феврали 1991 бо шикасти Ироқ ба поён расид.

Ҳафтаи гузашта низ як гӯри ҷамъӣ, шомили аҷсоди занон ва кӯдакони 70 курди қурбонишуда дар даврони режими баъси Ироқ дар шаҳри Салмон, дар ҷануби Ироқ кашф шуд.

 

Барчасп