Июл 31, 2019 11:28 Asia/Dushanbe
  • СММ: Ҷанг Яманро 20 сол ақиб андохтааст

Мудири барномаи тавсиаи СММ гуфт: Ҷанги вайронгар дар Яман ин кишварро аз лиҳози тавсиа ва дастрасӣ ба омӯшиз ва парвариш 20 сол ба ақиб андохтааст.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Ахим Штайнер дар гуфтугӯ бо Ассошиэйтед Пресс аз вахомати авзои инсонӣ дар Яман хабар дод ва тасреҳ кард: Иқтисоди Яман бар асари таҷовузи эътилофи Саудӣ фурӯ пошидааст.

Штайнер эълом кард: Аз миёни ҳар се яманӣ як нафар бар асари суитағзия дар хатари марг қарор дорад.

Мудири барномаи тавсиаи СММ ҳамчунин ба тахриби мадорис ва маҳрумияти миллионҳо кӯдаки яманӣ аз таҳсил ба далели ҳамалоти эътилофи саудӣ ишора карду гуфт: Ҳамалоти саудиҳо як наслро дар Яман аз омӯзиш маҳрум кардааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз моҳи марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст.

 

Барчасп