Август 04, 2019 18:19 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Ироқ дар бораи ҳамалоти террористии занони доишӣ дар кишварҳои мухталиф

Мудири бахши мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ дар бораи нуфузи аносире аз занони доишӣ ба бархе кишварҳои арабӣ ва ғайриарабӣ барои иҷрои амалиёти террористӣ ҳушдор дод.

Абуалӣ Албасрӣ, мудири мубориза бо терроризм дар Вазорати кишвари Ироқ рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо рӯзномаи "Ассабоҳ" гуфт:

ДОИШ ба унвони хатарноктарин гурӯҳи террористии ҷаҳон бо афзоиши истифода аз занони террорист қасди иҷрои амалиёти интиҳории мушобеҳи он чи ахиран дар Сурия ва Тунис иттифоқ афтод, дар чанд кишвари арабӣ ва ғайриарабӣ дорад.

Албасрӣ афзуд: ДОИШ гурӯҳе аз аъзои худ, ки ағлаб зан ҳастанд пеш аз суқути Умар Албашир, раисҷумҳури пешини Судон ба ин кишвар мунтақил кард, то аз бо истифода аз суҳулати убур ва мурур ба кишварҳои ҳадаф биравад.

 

Барчасп