Сентябр 22, 2016 13:15 Asia/Dushanbe
  • Радди пешниҳоди эҷоди минтақаи парвозмамнуъ дар Сурия

Давлати Сурия пешниҳоди Амрико дар бораи эҷоди минтақаи парвозмамнуъ дар бархе бахшҳои Сурияро рад кард.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "СНН",  сӣ ан ан, "бсина шаъбон" Мушовири сиёсӣ ва иттилорасонии Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар посӯх ба пешниҳоди Амрико, бино бар эҷоди минтақаи парвозмамнуъ дар Сурия таъкид кард, давлати Сурия чунин пешниҳоднро намепазирад.

Вай таъкид кард, унвони шӯришӣ барои касоне, ки дар шаҳри Ҳалаб мустақар шуда ва низомёнро мекушанд, унвони нодурусте аст, чаро, ки онҳо террорист башумор меоянд ва аз нахустин гурӯҳҳо буданд, ки билофосила пас аз эъломи оташбас таъкид карданд ба мафоди он пойбанд нахоҳанд монд, аммо бо ин ҳол кишварҳои ғарбӣ аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Мушовири Асад бо ишора ба бомбаборони мавозеи артиши Сурия тавассути ҷангандаҳои амрикоӣ дар Дайрузур, аз Амрико ва Русия хост дар ин маврид, кумитаи ҳақиқатёбро барои баррасӣ ва кашфи иллати фоҷиа таъин кунанд.