Сентябр 01, 2019 12:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба зиндоне дар Яман

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, дар ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба зиндони Алмақсуф-и Яман беш аз сад нафар кушта ва захмӣ шуданд ва амалиёти кумакрасонӣ ва берун кашидани қурбониён аз зери овор идома дорад.

Ба нақл аз Алмусайра, Юсуф Алҳозирӣ сухангӯи Вазорати беҳдошти Яман аз ҳамаи ниҳодҳои байналмиллалӣ барои кумак ба қурбониёни ҳамлаи ҳавоии Арабистон ба зиндони Алмақсуф дархости кумак кард.

Дар паи ин ҳамлаи ҳавоӣ сарнавишти даҳҳо зиндонӣ номушаххас аст ва ҷасадҳои шумори зиёде аз қурбониён ҳамчунон рӯи замин аст.

Тоҳо Алмутаваккил вазири беҳдошти Яман низ гуфт, бозгушоии фурудгоҳи байналмиллалии Санъо бо таваҷҷуҳ ба афзоиши шумори қурбониён ниёзи зарурӣ аст.

Абдулқодир Алмуртазо раиси Кумитаи милли умури асирони Яман низ бомдоди якшанбе эълом кард, дар зиндони Алмақсуф даҳҳо тан аз асирони душман нигаҳдорӣ мешуданд, ки то кунун шуморе дар ин ҳамлаи ҳавоӣ кушта ё захмӣ шудаанд.

Арабистони саудӣ ва муттаҳидонаш аз марти 2015 ва гузашти беш аз чаҳор сол куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва вайрон кардани зерсохтҳои Яман ба далели муқовимати мардуми ин кишвар натавонистанд ба ҳадафҳои худ дар Яман бирасанд. 

Барчасп