Тасовири дилхарош аз ҷинояти саудиҳо дар Яман
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i46372-Тасовири_дилхарош_аз_ҷинояти_саудиҳо_дар_Яман
Шабакаи телевизионии "Алмасира" тасовири дилхароше аз ҷинояти ҷадиди ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ-амрикоӣ дар устони Заммор мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 01, 2019 12:37 Asia/Dushanbe

Шабакаи телевизионии "Алмасира" тасовири дилхароше аз ҷинояти ҷадиди ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ-амрикоӣ дар устони Заммор мунташир кард.

Ҷангандаҳои мутаҷовизи саудӣ-амрикоӣ сохтмонеро дар Донишкадаи "Алмуҷтамаъ" (ҷомеа) дар устони Заммор бомбаборон карданд.

Гуфта мешавад дар ин сохтмон зиндониёне нигаҳдорӣ мешуданд, ки эътилофи мутаҷовиз ононро дар ин сохтмон ҳабс карда буд.

Дастикам 40 нафар тибқи оморҳои аввалия дар ин ҳамалот кушта ва даҳҳо нафари дигар захмӣ шуданд.