Барканории раиси бузургтарин ширкати нафтии саудӣ
(last modified Tue, 03 Sep 2019 06:49:24 GMT )
Сентябр 03, 2019 11:49 Asia/Dushanbe
  • Барканории раиси бузургтарин ширкати нафтии саудӣ

Раиси бузургтарин ширкати нафтии саудӣ барканор шуд.

Ба нақл аз Форс, давлати Арабистони саудӣ шаби гузашта Ёсир Аррамиён раиси Сандуқи сармоягузориҳои умумиро ба ҷои Холид Алфолиҳ ба раёсати ширкати нафтии Оромко баргузид.

Холид Алфолиҳ вазири энержии саудӣ, ки ахиран бахши васиъе аз ҷойгоҳ ва ихтиёроти худро аз даст дода дар саҳифаи Твиттери худ бо табрик ба Ёсир Аррамиён ва орзӯи муваффақият барои вай навишт, ки интихоби вай масири вогузории ширкати Оромко ба бахши хусусиро ҳамвор мекунад.

Рӯзи ҷумъаи гузашта бахши саноат ва маъдан аз Вазорати энержии саудӣ ҷудо шуд ва аз ин ру ҷойгоҳи Холид Алфолиҳ ба шиддат таназзул пайдо кард.

Ба гуфтаи бархе манобеи арабӣ Холид Алфолиҳ вазири энержӣ ва саноат ва маъдани собиқ ва вазири энержии феълӣ мухолифи вогузории ширкати Оромко аст ва бо канор рафтани вай аз раёсати ин ширкат масири пазиранависӣ ва арзаи бахше аз саҳоми ин ширкат дар бозорҳои бурс ҳамвор мешавад.

Рӯзномаи Валл стрит Журнал низ рӯзи шанбе дар гузорише ба нақл аз манобеи дохилии Арабистон навишт, ки валиаҳди саъудӣ Холид Алфолиҳро масъули коҳиши ҷазби сармоягузорӣ медонад. Бино барин ба назар мерасад ситораи иқболи вай, ки рӯзгоре наздиктарин ашхос ба Муҳаммад бин Салмон ба ҳисоб меомад низ ба мурур дар ҳоли нопадид шудан аст.

Холид Алфолиҳ аз соли 2015 раёсати ширкати Оромко ва аз соли 2016 то кунун Вазорати Энержиро бар уҳда дорад.