Сентябр 09, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Оғози размоиши муштараки Уммон, Амрико ва Англия

Нерӯи ҳавоии салтанатии Уммон размоиши муштарак бо Англия ва Амрико бо номи “Албисот Ассеҳри” - ро оғоз кард.

Ба гузориши “Форс”, ин размоиш дар пойгоҳи ҳавоии “Самарият” оғоз шуд ва қарор аст то рӯзи 19 сентябр (28 шаҳривар) идома дошта бошад.

Ин размоиш дар ростои иҷрои тамриноти давраии нерӯи ҳавоии Уммон бо мушорикати ҳавопаймоҳое аз нерӯҳои ҳавоии Англия ва Амрико ва пуштибонии нерӯи дарёӣ ва нерӯи вижаи салтанатии Уммон баргузор мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин размоиш, иҷрои амалиёти ҳавоии омӯзишии муштарак бо нерӯҳои дӯст дар чорчӯби ҳамкории муштарак байни Уммон, Амрико ва Англия ва низ табодули таҷрибиёт дар заминаи халабонӣ ва ҳамлунақли ҳавоӣ унвон шудааст.