Сентябр 15, 2019 16:46 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи ниме аз тавлиди нафти Арабистон дар паи ҳамлаи паҳподии Яман

Вазири энергетикаи Арабистон шанбешаб эълом кард, ниме аз тавлиди нафти ин кишвар дар паи ҳамлаи паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман ба таъсисоти ширкати миллии нафти Арабистон "Арамко" мутаваққиф шудааст.

Адбулазиз бин Салмон, вазири энергетикаи Арабистон хотирнишон кард, ҳамлаи паҳподии яманиҳо ба полоишгоҳҳои "Бақиқ", ва "Хариз"-и ин кишвар мӯҷиби таваққуфи муваққати тавлиди нафт дар ин ду полоишгоҳ шудааст.

Дар ҳамн ҳол Муҳаммад Албахитӣ, аз аъзои  дафтари сиёсии Ҷунбиши "Ансоруллоҳ"-и Яман дар гуфтугӯ бо шабакаи "Алҷазира", бо ишора ба ҳамлаи рӯзи шанбеи размандагони яманӣ ба таъсисоти ширкати Арамко ва оташсӯзии густарда дар ин таъсисоти нафтӣ ва ҳамчунин эътирофи режими Саудӣ ба он, таҳид кард агар Арабистони Саудӣ ба таҷовуз ва ҳамалоташ поён надиҳад, размандагони Яманӣ пойтахти Арабистонро ба тасарруфи худ медароранд.

Ягони паҳподии артиш ва кумитаҳои мардумии Яман рӯзи шанбе дар посух ба ҷиноятҳои эътилофи Саудӣ дар Яман, бо 10 фарванд паҳподи бумӣ, полоишгоҳҳои "Буқайқ" ва "Хурайс" вабаста ба ширкати миллии нафти Арабистон "Арамко"-ро ҳадаф қарор доданд.