Тасвиби мусаввабаи “Тақаддуси шаҳри Козимайн” аз сӯи устондории Бағдод
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i47100
Устондории Бағдод мусаввабаи “Тақаддуси шаҳри Козимайн” - ро ба тасвиб расонад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 28, 2019 15:06 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби мусаввабаи “Тақаддуси шаҳри Козимайн” аз сӯи устондории Бағдод

Устондории Бағдод мусаввабаи “Тақаддуси шаҳри Козимайн” - ро ба тасвиб расонад.

Устондории Бағдод бо пешнависи қонуни ҳифзи тақаддуси шаҳри Козимайн, ки аз сӯи Али Алкаръови, раиси Кумитаи умури динӣ ироа шудааст, мувофиқат кард.

Алкаръови гуфт, ин қонун барои ҳифзи тақаддуси ин минтақа, ки аз вуҷуди ҳарами имом Мӯсои Козим ва имом Муҳамад Ҷавод (алайҳмуссалом) баҳраманд мебошад, матраҳ шудааст.

Вай афзуд, ин қонун фазои муносибро барои зиёрат ва баргузории маросим фароҳам мекунад ва аз ихтилол дар назми умумӣ ва беэҳтиромӣ ба имомайни Козимайн (а) ҷилавгирӣ мекунад.