Тавофуқи донишгоҳҳои Эрону Ироқ барои тавсеаи ҳамкориҳои муҳандисӣ ва пажӯҳишӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i122304-Тавофуқи_донишгоҳҳои_Эрону_Ироқ_барои_тавсеаи_ҳамкориҳои_муҳандисӣ_ва_пажӯҳишӣ
Порс Тудей– Дар нишасти муштараки ҳайати олирутбаи Донишгоҳи Санъати Амиркабири Эрон ва Донишгоҳи технологии Бағдоди Ироқ, ҳамкориҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дар ҳавзаҳои муҳандисии механик, энержӣ, барқ, биомедикол ва муҳити зист мавриди тавофуқ қарор гирифт.
(last modified 2025-10-08T08:31:21+00:00 )
Октябр 08, 2025 12:34 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи донишгоҳҳои Эрону Ироқ барои тавсеаи ҳамкориҳои муҳандисӣ ва пажӯҳишӣ

Порс Тудей– Дар нишасти муштараки ҳайати олирутбаи Донишгоҳи Санъати Амиркабири Эрон ва Донишгоҳи технологии Бағдоди Ироқ, ҳамкориҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ дар ҳавзаҳои муҳандисии механик, энержӣ, барқ, биомедикол ва муҳити зист мавриди тавофуқ қарор гирифт.

Ҳайати олирутба аз Донишгоҳи технологии Бағдод бо ҳадафи музокира дар бораи иҷроисозии мафоди тафоҳумномаи ҳамкориҳои илмӣ ва пажӯҳишӣ аз Донишгоҳи Санъати Амиркабири Эрон боздид кард.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ҷараёни ин дидор, тарафайн бар ташкили коргурӯҳҳои муштарак, тавсеаи ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ ва иҷрои барномаҳои муштарак дар ҳавзаҳои тахассусӣ таъкид карданд.

Пешниҳоди баргузории рӯйдодҳои илмӣ ва фанноваронаи муштарак аз ҷумла AUT - Talk, Startup Weekend ва иддеаи бозор бо ҳузури санъатгарон, асотид, донишҷӯёну ширкатҳои донишбунён матраҳ шуд. Ҳамчунин заминаҳои ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои озмоишгоҳӣ, табодули устоду донишҷӯ ва иҷрои пружаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар нишасти расмӣ бо ҳузури раиси Донишгоҳи Санъати Амиркабир, ду тараф дар бораи роҳкорҳои иҷрои тавофуқот, ташкили гуруҳҳои илмии муштараку оғози фаъолиятҳои пажӯҳишии мушаххас бо ҳимояти молии мутақобил ба тавофуқ расиданд. Тамаркуз бар ниёзҳои муштараки ду кишвари Эрону Ироқ дар меҳварҳое ҳамчун резгардҳо, энержӣ, муҳит зист ва манобеи об аз дигар мавзуоти мавриди таъкид буд.

Ҳамкорӣ дар ҳавзаи биомедикол миёни донишкадаҳои механик, муҳандисии пизишкӣ ва улӯм, баргузории давраҳои тахассусӣ, пазириши асотиди ироқӣ ба унвони донишҷӯи докторӣ ва мизбонии фурсатҳои мутолиотӣ барои асотиду донишҷӯён, аз ҷумлаи тавофуқоти муҳими ин нишаст буд.

Баргузории давраҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, рӯйдодҳои варзишии муштарак, тадриси муштараки дарсҳои тахассусӣ, баррасии имкони баргузории давраҳои муштараки коршиносии аршад, тавсеа ва таҷҳизи озмоишгоҳҳо ва даъват аз асотиди Донишгоҳи Санъати Амиркабир ба унвони суханрони калидӣ дар ҳамоишҳои илмии Донишгоҳи технологии Бағдод низ дар дастури кор қарор гирифт.