Сентябр 28, 2019 19:41 Asia/Dushanbe
  • Оини бузурги пиёдаравии

Ҳамзамон бо 28-уми муҳаррам солрӯзи вуруди асирони Карбало ба Шом, дар маросими вижае бо ҳузури ҷамъе аз уламо ва мардуми устони Басра, ки ҷанубитарин минақаи Ироқ ба шумор меравад, оини бузурги пиёдаравии "Арбаин"-и ҳусейнӣ (а) ба самти шаҳри муқаддаси Карбало оғоз шуд.

Ба нақл аз Алолам, дар ин маросими вижа, ки дар канори Халиҷи Форс баргузор шудааст, зоирони ҳусейнӣ оини пиёдаравии "Арбаин"-ро ба самти қиблаи озодагони ҷаҳон дар Карбало оғоз карданд.

Аввалин гурӯҳи парчамдорони "Арбаин"-и ҳусейнӣ як ҳафта қабл аз ин маросими вижа, пиёдаравии худро ба самти Карбало оғоз карда буданд ва маросими имрӯз ба маънии эъломи расмии оини бузурги пиёдаравии "Арбаин"-и ҳусейнӣ дар Ироқ аст.

Аҳолии дигар шаҳрҳои ҷанубии Ироқ ҳам батадриҷ бо вуруди зоирони пиёда, ба сафҳои раҳпӯёни "Арбаин"-и Ҳусейнӣ мепайванданд, то дар рӯзҳои оянда ин рӯди кӯчак дар масири роҳ бо пайвастани аҳолии шаҳрҳо ва рустоҳо ба рӯдхонаи хурӯшони мардумӣ табдил шавад.

Пешбиниҳо ҳокӣ аз он аст, ки имсол ҷамъияти ҳозир дар роҳпаймоии "Арбаин" беш аз солҳои гузашта аст ва барои ҳамин бархе аз зоирони ироқӣ тарҷеҳ додаанд оини пиёдаравиро зудтар шурӯъ кунанд.

 

Барчасп