Сентябр 30, 2019 19:33 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни донишомӯхтагии 150 ҳофизи Қуръон дар Урдун

Ҷашни донишомӯхтагии 150 ҳофизи Қуръон дар Урдун баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА, дар ин маросим, ки аз ҷумла барномаҳои тарҳи омӯзиши ҳифзи Қуръон «Ал Шафеъ» буд, Азиз Ал Диҳонӣ, сафири Кувейт дар Урдун ва шуморе аз масъулони урдунӣ ва кувейтӣ ва ҳамчунин хонаводаҳои фориғуттаҳсилони қуръонӣ ҳузур доштанд. Ал Диҳонӣ дар суханоне зимни тақдир аз тарҳи ҳифзи Қуръон Ал Шафеъ, ин тарҳро яке аз проектҳои хайрияи пешгом дар сатҳи ҷаҳон бар шумурд. Вай ҳамчунин талошҳои дастондаркорони ин тарҳ дар ростои нашри улуми қуръонӣ бо истифода аз асотид ва мутахассисони нухбаи қуръониро сутуд ва ин иқдомотро мӯҷиби бедории арзишҳои инсонӣ дар насли ҷадид ва ниҳодина шудани усул ва мабонии дини Исло  дар ҷавонон ва навҷавонон донист.

Бадр Ал Самит, мудири кулли Шӯрои байналмилалии хайрияи исломӣ, низ тавзеҳ дод, тарҳи Ал Шафеъ муваффақияти бисёре дар Урдун касб кардааст ва токунун 500 духтар ва писари ҳофизи Қуръон бо ширкат дар ин тарҳ фориғуттаҳсил шудаанд.