Октябр 02, 2019 14:21 Asia/Dushanbe
  • Русия хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурияро хостор шуд

Маркази ҳамоҳангии Русия дар Сурия аз Амрико хост то ба ҳузури низомӣ дар Сурия поён диҳад ва нерӯҳои худро ҳар чи зудтар аз ин кишвар хориҷ кунад.

Ба нақл аз ИРНА, Маркази ҳамоҳангии Русияя дар Сурия рӯзи сешанбе бо судури баёнияе якпорпа шудани муҷаддади кулли манотиқи Сурия ва поксозии комили ин кишвар аз ҳузури террористҳоро дар гарави хурӯҷи комили низомиёни амрикоӣ аз Сурия донист.

Ин марказ дар баёнияи худ эълом кард, талошҳо барои хориҷ кардани оворагони сурӣ аз урдугоҳи Аррукбон ба далели коршикании тарафи амрикоӣ нотамом монд ва Вашингтон дар бархӯрд бо ин урдугоҳ мунофиқона амал кард

Дар иҷрои тавофуқи Дамишқ бо тарҳи Созмони Милал барои хурӯҷи довталабонаи оворагони урдугоҳи Аррукбон ва бо талошҳои муштараки Русия ва Сурия, то кунун ҳудуди 18 ҳазор овора, ки ниме аз ҷамъияти ин урдугоҳро шомил мешаванд, Аррукбонро тарк кардаанд.

 

Барчасп