Интишори “Қуръон дар андешаи имом Хоманаӣ” дар Бағдод
(last modified Wed, 09 Oct 2019 14:04:30 GMT )
Октябр 09, 2019 19:04 Asia/Dushanbe
  • Интишори “Қуръон дар андешаи имом Хоманаӣ” дар Бағдод

Шумораи 102 –и китобчаи “Қуръони карим дар андешаи имом Хоманаӣ” аз сӯи маркази фарҳангии Эрон дар Бағдод мунташир шуд.

Ройзании фарҳангии кишвари Эрон дар Ироқ ба ҳиммати маркази фарҳангии Эрон дар Бағдод нусхаи шумораи 102 –и китобчаи “Қуръони карим дар андешаи имом Хоманаӣ” - ро дар 48 сафҳа ва 2 ҳазор нусха чоп кардааст.

Ба гузориши ИКНА, дар ин нусха бахше аз калимоти имом Хоманаӣ дар мавориди мухталиф матраҳ шудааст, ки ҷойгоҳи Қуръони карим ва нақши он дар миёни мусулмонон, вижагиҳои Қуръон дар сатҳи фардӣ, вижагиҳои Қуръон дар сатҳи ҷамъӣ, вазоифи мо дар муқобили Қуръон, вазоифи фардӣ дар баробари Қуръон, хондани Қуръон, дониши калимоти Қуръон, дарки Қуръон, ҷамъоварии дониши лозим барои дарки Қуръон, алоқа ба осор ва таҳқиқоти қуръонӣ, тасвиби дороиҳои илмӣ дар таҳқиқоти қуръонӣ ва кор бо Қуръон аз ҷумлаи ин маворид аст.

Талош барои таҷалли Қуръон дар даруни фард, мубориза барои наҷоти ҳукумати қуръонӣ, вазоифи муассисоти иҷтимоӣ дар қиболи Қуръони карим, созмонҳо ва муассисоти фаъол дар ҳавзаи Қуръон ва таблиғи мафоҳим ва арзишҳои қуръонӣ аз тариқи ҳунар, аз дигар мавзӯоти мавриди ишора дар ин китобча ба шумор меояд.