Октябр 19, 2019 19:19 Asia/Dushanbe

Ҳамзамон бо арбаини сайиду солори шаҳидони ҳазрати имом Ҳусайн (а), Карбалои Муалло мизбони миллионҳо зоири ошиқ аз 55 кишвари ҷаҳон аст.

Ба гузориши шабакаи хабарии арабзабони “Алолам”, миллионҳо нафар имрӯз худро ба Карбало расондаанд то Арбаини имом Ҳусайн (а) - ро дар ҷавори ҳарами он ҳазрат гиромӣ бидоранд.

Пешбинӣ мешавад, ҳудуди 17 миллион зоири Ҳусайнӣ барои гиромидошти арбаин ва ширкат дар маросими ин рӯз, вориди Ироқ шуда бошанд.

Масъулони эронӣ эълом карданд, ҳудуди севуним миллион эронӣ имсол барои мушорикат дар роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ роҳии Карбало шудаанд.

Садҳо мавкиб (истгоҳи пазироӣ аз зоирон) бо назму ҳамоҳангии камназир, дар масири роҳҳои мунтаҳӣ ба Карбалои муқаддас ба зоирони Ҳусайнӣ хидматрасонӣ мекунанд.

Арбаин аз бузургтарин муносибатҳои динӣ дар ҷаҳон маҳсуб мешавад, ки авомили бисёре, аз ҷумла пиёдаравии даҳҳо километрии мардон, занон, солхурдагон ва кӯдакон дар масири расидан ба Карбало, онро дар миёни дигар муносибатҳо пурранг кардааст.

Зоирони Арбаини Абоабдуллоҳил-Ҳусайн (а) бо ширкат дар ин пиёдаравии арбаин, ёду хотираи ҳаракати пиёдаи аҳли байти он ҳазратро пас аз шаҳодати эшон гиромӣ медоранд.