Октябр 21, 2019 21:54 Asia/Dushanbe
  • Истифода аз бозҷӯёни хориҷӣ алайҳи фаластиниҳои боздоштшуда дар Арабистон

Сами Абузаҳри, аз аъзои аршади ҷунбиши фаластинии ҲАМОС эълом кард, фаластиниҳое, ки аз оғози соли 2019 дар Арабистон боздошт шудаанд, мавриди анвои шиканҷа қарор гирифтаанд.

Ба гузориши “Форс”, вай гуфт, бархе аз боздоштшудаҳо ба дасти бозҷӯёни хориҷӣ бозҷӯӣ шудаанд ва ин мавзуъ шоистаи Арабистони Саудӣ нест.

Абузаҳри идома дод, 60 боздоштшудаи фаластинӣ дар Арабистон вуҷуд дорад, ки бархе аз онҳо аз аъзои ҷунбиши ҲАМОС ё ҳомиёни он ҳастанд ва баъзе беш аз 30 сол дар ин кишвар зиндагӣ кардаанд ва дар ободонии он саҳим будаанд.

Вай зимни таъкид бар тамоюли ҲАМОС барои равобити хуб бо тамоми тарафҳои арабӣ эълом кард: “то поёни ин буҳрон хаёламон роҳат нахоҳад шуд”.

Дидабони ҳуқуқи башари Аврупо -Медитарона низ таъйид карда, дастикам 60 фаластинӣ дар Арабистон боздошт шудаанд ва теъдод болотар аз ин мизон аст.

ҲАМОС пештар аз боздошти Муҳаммадсолеҳ Алхизри, намояндаи ин ҷунбиш дар Арабистони Саудӣ хабар дода буд ва расонаҳо ахиран эълом карданд, Абуубайда Алоғо, аз дигар аъзои аршади ҲАМОС низ дар Риёз боздошт ва ба зиндони Заҳбон мунтақил шудааст.

Ҳамчунин ҳисоби твиттерии Муъаттақали Арраъй, ки ба зиндониёни сиёсӣ дар Арабистони Саудӣ мепардозад, навишт, ки маъмурони саудӣ Муҳаммад Алхизри, аз раҳбарони ҲАМОС –ро дар ҳангоми боздошт шиканҷа кардаанд.

 

 

 

Барчасп