Октябр 23, 2019 14:51 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз тамомияти арзӣ ва тақвияти ҳокимияти миллии Сурия ҳимоят мекунад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо ишора ба тавофуқи Русия ва Туркия дар хусуси таҳаввулоти шимоли Сурия таъкид кард: Эрон аз ҳар иқдоме, ки ба ҳифзи тамомияти арзӣ ва тақвияти ҳокимияти миллии Сурия мунҷар шавад, истиқбол мекунад.

Руасои Ҷумҳурии Русия ва Туркия шомгоҳи сешанбе дар шаҳри Сочи тавофуқномаи 10- моддаӣ дар бораи авзои амниятии шимоли Сурия имзо карданд.

Дар ин тавофуқнома зимни таъкид бар ҳифзи тамомияти арзӣ ва якпорчагии Сурия омадааст: Ҳамаи воҳидҳои шибҳи низомиёни курд аз шимоли Сурия хориҷ хоҳанд шуд.

Сайид  Аббоси Мӯсавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи чоршанбе афзуд: Эрон тавофуқ байни Русия ва Туркия барои поён додан ба даргириҳо дар шимоли Сурияро қадами мусбате барои бозгашти субот ва оромиш ба минтақа медонад.

 

Барчасп